Вохӯриҳо дар муассисаҳои хайриявии Қатар
25 майи соли 2022 вохӯриҳои Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Ноиби мудири кулли Кумитаи танзими корҳои хайриявии Қатар Рошид Муҳаммад ан-Наъимӣ ва Раиси Ташкилоти хайриявии Қатар (QATAR CHARITY) Юсуф бин Аҳмад ал-Куворӣ баргузор шуданд.
Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои башардӯстона, татбиқи муштараки лоиҳаҳои рушд, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он, инчунин ифтитоҳи дафтари намояндагии Ташкилоти хайриявии Қатар дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷониби қатарӣ изҳор дошт, ки омода аст дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ сафари ҳайати коршиносони муассисаҳои мазкурро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва дар рафти ин боздид барномаи ҳамкориҳоро дар самтҳои мазкур ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои марбутаи кишварамон таҳия намояд.