Таҷлили 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 июни соли 2022 дар шаҳри Давҳа Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанивиро бо ҳузури шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Қатар танзим намуд.
Сафири Ҷумҳури Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ҳамватанонро ба муносибати ин ду ҷашни фархунда, ки дар сафҳаҳои таърихи навини тоҷикон бо хутути зарин ҷовидона сабт шудаанд ва дар таҳаққуқи амалии ормонҳои миллӣ ва сохтмони давлати демократию ҳуқуқбунёд нақши тақдирсоз доранд, табрику таҳният гуфт. Таъкид гардид, ки дар партави талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боварии содиқонаи мардум ба Пешво ва ҳукумати кишвар имрӯз Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили мубрами глобалӣ ҷойгоҳи баландро дар арсаи байналмилалӣ касб намудааст. Дар ин замина қайд карда шуд, ки ваҳдати миллӣ нерӯи асосии пешрафтҳои таърихию беназири кишварамон дар ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии рушд ва мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад.
Аъзои ҷамъияти тоҷикони муқими Қатар низ дар суханрониҳои худ аз саҳми арзишманду таърихии Пешвои миллат дар таъмини сулҳи пойдору суботи сиёсии ҷомеа, эҳёи арзишҳои маънавию фарҳангии миллати куҳанбунёду сулҳофари тоҷик ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки бо пайравӣ аз сиёсатҳои созандаи Раҳбари фарзонаву дурандеши давлатамон ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз хоҳанд кард.
Дар рафти чорабинии Сафорат филмҳои мустанад ва аксҳои таърихӣ дар бораи равандҳои барқарорсозии сулҳу оромӣ, бунёди аркони давлати демократию ҳуқуқбунёд, эҷоди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, таъмини низоми ҳуқуқии адолатпеша ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ки маҳз аз қарорҳои иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби раҳбари хирадманди кишвари ҷавону соҳибистиқлол маншаъ мегиранд, намоиш дода шуданд.