Эълони сабти номи намояндагони васоити ахбори омма барои бозтоби Конфронси зиддитеррористии Душанбе
18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор мегардад.
Намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро лозим аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорат муроҷиат намуда, маълумоти марбутаро бо тартиби муқарраргардида тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (Тел: +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) то 15 сентябри соли 2022 манзур намоянд.
Ҳамзамон тақозо мегардад, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар торнамои расмии Конфронс (https://www.dushanbectprocess.org/) то 30 сентябри соли 2022 аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.
Барои намояндагони ВАО-и ватанӣ ва расонаҳои хориҷие, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия шудаанд, тартиби пешниҳоди маълумоти зерин пешбинӣ шудааст:
— ному насаби хабарнигор;
— вазифа;
— номи расона;
— акси 3,5х4,5 см (300 dpic, JPEG);
— суроғаи почтаи электронӣ.
Барои намояндагони ВАО-и хориҷие, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия нашудаанд:
— ёддошти сафорат ё нома аз ҷониби роҳбари васоити ахбори омма дар бораи аккредитатсия бо замимаи рӯйхати аъзои ҳайат, вазифа ва таҷҳизоти техникӣ;
— акси 3,5×4,5 см (300 dpic, JPEG);
— нусхаи шиноснома;
— маълумотнома дар бораи васоити ахбори омма;
— шарҳи ҳоли хабарнигор;
— саволномаи (анкета) пуркардашуда;
— суроғаи почтаи электронӣ.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер: twitter.com/MID_Tajikistan (русӣ); twitter.com/MOFA_Tajikistan (англисӣ)
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa.tajikistan