Ҷаласаи Гурӯҳи кории лоиҳаи «CASA-1000» дар Давҳа

24 -25 августи 2022 дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории кишварҳои шомили лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи «CASA-1000» бо иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Агентии ИМА барои рушди байналмилалӣ (USAID), Бонки рушди исломӣ ва дигар шарикони рушд баргузор шуд.

Дар чаҳорчӯби ин ҷаласа ҳайатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва шарикони рушд масъалаҳои марбут ба рафти татбиқи лоиҳаи «CASA-1000», бахусус барқарор намудани корҳои сохтмонии бахши афғонистонии ин лоиҳаро баррасӣ карданд.

Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ ҳамчунин ташкилотҳои паймонкори сохтмони иншооти лоиҳаи CASA-1000 дар Афғонистон низ ҳузур доштанд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad