Вохӯрии Сафир дар Вазорати корҳои хориҷии Қатар
Рӯзи 31 августи 2022 дар Давҳа мулоқоти кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Фиристодаи вежаи вазири корҳои хориҷии Қатар дар амри мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ барои ҳалли низоъҳо д-р Мутлақ бин Моҷид ал-Қаҳтонӣ баргузор шуд.
Зимн суҳбат ҷонибҳо рӯзномаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе танзим мешавад, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.