
3 январи соли 2023 Хисрав Соҳибзода бо сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Юсуф Султон Ларам мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф баррасӣ шуданд.