Вохӯрии кории Сафир дар Палатаи савдо ва саноати Қатар

 

17 январи соли 2023 Хисрав Соҳибзода бо Ноиби раиси Палатаи савдо ва саноати Қатар Рошид бин Ҳамад ал-Азба вохӯрии корӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Қатар ва роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкории мутақобилан судманди бахшҳои хусусӣ ва дигар доираҳои алақаманди ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузориҳо баррасӣ шуданд.

Дар ин замина ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли 2023 анҷуманҳо ва нишастҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа танзим хоҳанд кард.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad