Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вазири меҳнати Давлати Қатар доктор Алӣ ибни Самиҳ Ал-Марӣ
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вазири меҳнати Давлати Қатар доктор Алӣ ибни Самиҳ Ал-Марӣ мулоқот намуд.
Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба, аз ҷумла саноат, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, иқтисоду тиҷорат ва сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид шуд, ки истифодаи мақсадноки имкониятҳои ҷойдошта байни ин ду кишвари дӯст метавонад самараи некро ба бор оварда, ба тавсеаи ҳамкориҳо мусоидат кунад.
Дар ин баробар баҳри татбиқи нақшаҳои мушаххас ҷиҳати вусъат ёфтани ҳамгироӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид.