Вохӯрии Сафир бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар
20 феврали соли 2023 Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон бин Ҳамад Оли Сонӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзодаро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат роҳҳо ва абзорҳои густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина бар зарурати тавсеаи асоси ҳукуқии тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкории судманди осорхонаҳо, китобхонаҳои миллӣ ва марказҳои илмию фарҳангӣ ва инчунин табодули мунтазами сафарҳои ҳайатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст таъкид гардид.