Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо
бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар
7 марти соли 2023 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат роҳҳои таҳкими робитаҳои соҳибкорони ду кишвар дар самти сармоягузории лоиҳаҳои муҳимму ояндадори зербиноиву саноатӣ ва инчунин истифода аз зарфиятҳои иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки дар тавсеаи тиҷорати байниминтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд, баррасӣ шуданд.
Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну босубот дар минтақа ва дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имкониятҳои васеъ барои сармоягузорон ҷолиб аст ва соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф ҳавасманданд.