Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбарияти ширкати “Диёри Қатар”

Дар доираи сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба Қатар рӯзи 8 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори кулли бахши маркетинги ширкати “Диёри Қатар” доктор Абдуллоҳ Яъқуб ал-Саид баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат фаъолияти ширкати мазкур дар Тоҷикистон ва раванди идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” дар татбиқи лоиҳаҳои бахши сохтмон ва рушди зерсохтори шаҳрӣ дар тавсеаи робитаҳои ду кишвари дӯст нақши муҳим мебозад. Дар ин замина бунёди бомуваффақи марҳалаи якуми лоиҳаи «Диёри Душанбе» ифодагари алоқамандии ҷонибҳо дар ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию сармоягузорӣ арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо бар зарурати роҳандозии марҳалаи дуюм ва сеюми лоиҳаи “Диёри Душанбе” таъкид намуданд ва раҳбарияти ширкати “Диёри Қатар” барои сармоягузории минбаъда дар татбиқи лоиҳаи мазкур изҳори омодагӣ кард.

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad