Вохӯрӣ бо роҳбарияти минтақаҳои озоди иқтисодии Қатар
8 марти соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи минтақаҳои озоди иқтисодии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Файсал Оли Сонӣ баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат атрофи густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармояҳо ва ба роҳ мондани робитаҳо байни минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар табодули назари судманд сурат гирифт.
Ба мақсади таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ҷонибҳо барои таҳия ва имзои санади ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Қатар ба мувофиқа расиданд.