Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар

9 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим ал-Абдуллоҳ Оли Сонӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо иброз намуданд, ки робитаҳои ду кишвари дӯст дар партави раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайхт Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар сатҳи олӣ ва бемайлон рушд мекунанд ва асоси мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ барои тавсеаи беш аз пеши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қатар дар ҳамаи бахшҳои иқтисоду тиҷорат фароҳам шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, ки қарор аст соли ҷорӣ дар шаҳри Давҳа баргузор гардад, роҳҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, содироту воридоти маҳсулот, гардишгарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо дар ин замина ҳамчунин бар зарурати фаъолсозии робитаҳои бахши хусусӣ ва нақши муассири он дар рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар таъкид намуданд.

Дар ростои татбиқи дастурҳои раҳбарони олии ду кишвар дар самти тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъсиси Шӯрои соҳибкорон ва Фонди муштараки сармогузориҳо муҳим арзёбӣ шуд.

 

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad