Вохӯрӣ бо роҳбарияти Бунёди Қатар барои рушд (Qatar Fund for Development)

9 марти соли 2023 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Бунёди Қатар барои рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва абзорҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои марбут ба пешбурди иқтисоду саноати “сабз” ва энергияи “сабз” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина тарафҳо ба аҳаммияти миллию байналмилалии идомаи сохтмони НБО Роғун ва татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз шарикони муҳимми Қатар дар соҳаи таъмини рушди устувор маҳсуб мешавад ва Бунёд низ алоқаманд аст ҳамкории судманд бо Тоҷикистонро вусъат диҳад.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad