Мулоқоти дуҷонибаи Ҳабибулло Воҳидзода бо Сардори Раёсати назорати маводи нашъаовари Давлати Қатар Аҳмад ал-Куварӣ
14 марти соли 2023 дар Вена дар ҳошияи ҷаласаи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир (CND) мулоқоти дуҷонибаи Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Сардори Раёсати назорати маводи нашъаовари Давлати Қатар Аҳмад ал-Куварӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масоили дахлдор ба ҳамкориҳои ниҳодҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.