Табрикоти Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон
Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ раҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалии муқими Давҳаро ба ҳузур пазируфт.
Амири Давлати Қатар зимни истиқбол аз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода саломи бародарона ва беҳтарин орзӯҳоро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон изҳор намуд.