Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Нимаи дуюми рӯзи 3 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.
Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳои ду кишвар идона ороста шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев бо нишони эҳтироми баланд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.