Мулоқот бо намояндагони ширкатҳои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин
18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан бо намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони беш аз 40 ширкати бонуфузи сармоягузорӣ ва тиҷоратии Чин иштирок карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳо ва мардумонамон такони ҷиддӣ мебахшад.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳамкориву шарикӣ дар самти пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ тавассути муҳайё намудани шароити мусоид манфиатдор мебошад.
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегӣ ва бахшҳои афзалиятнок, бахусус, энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар кишвар зиёда аз 170 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 8 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.
Қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 100 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.
Узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Тоҷикистон дорои иқтисоди бисёрсоҳаи рушдёбанда аст. Кишвари мо бо тамоми сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст ва бо 110 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин имконият доданд, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол то 40 фоиз афзоиш ёбад.
Дар Тоҷикистон зиёда аз садҳо ширкат бо саҳми сармоягузорони чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт фаъолият мекунад.
Дар маҷмуъ, тайи 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид гардидааст, ки беш аз 57 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои чиниро ба самтҳои барои ҳар ду кишвар судовар ва ояндадор ҷалб карданд, аз ҷумла барои ҳамкории муштарак дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, рушди саноати истихроҷи маъдан, металлургия, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, нақлиёт ва таъсиси марказҳои логистикӣ.
Таъкид карда шуд, ки ташаккули минтақаҳои саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои металлургӣ, сементбарорӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, коркарди нафт ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиё метавонад аз самтҳои судманди ҳамкории ҷонибҳо бошад.
Дар мулоқот бо ширкатҳои чинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба истеҳсол, коркард ва содироти меваю сабзавот, андешаронӣ карданд.
Тоҷикистон ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи афзалиятноки сайёҳӣ, дар панҷ соли охир барои сармоягузорон ва ширкатҳо баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ имтиёзу сабукиҳои ҷолиб пешниҳод намуд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои соҳибкории Чин барои боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварда, изҳор доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, то пешниҳодоти сармоягузорони чиниро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муфид дар самтҳои афзалиятноки зикргардида бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.
Пас аз суханронии пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ширкатҳои сармоягузорию соҳибкории Чин оид ба муаррифии фазои сармоягузории Тоҷикистон намояндагони як қатор ширкатҳо суханронӣ карданд.
Аз ҷумла, зимни баромади худ Раиси Шӯрои Директорони Ширкати “Ҷитсун Литиум груп лимитед” Нан Ҷинси, Раиси Шӯрои Директорони Ширкати автомобилии “Шансӣ” Юан Хунмин, Президенти Ширкати “Лонгҷи”-и Технологияи энергияи сабз оид ба Ховари Миёна, Африқо ва Осиёи Марказӣ Ҷин Чиен, Президенти Ширкати нафтии миллии Чин “CNPC” Дай Хоулян, Ноиби Президент Бонки содироту воридоти Чин “Эксимбонк” Джанг Вен ва Президенти ширкати “Шанхай Айр Файр Интернешнл Эксибишн” Чу Чэн оид ба ҳавасмандии ширкатҳои худ дар самти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои истихроҷу коркарди литий, мошинсозӣ, истеҳсоли батареяҳои офтобӣ, истихроҷу коркарди нафту газ ва хизматрасониҳои бонкӣ андешаронӣ карданд.