Вохӯрии корӣ дар Вазорати савдо ва саноати Қатар

25 июли соли 2023 дар шаҳри Давҳа вохӯрии кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Мудири раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқии Вазорати савдо ва саноати Давлати Қатар Солеҳ Абдуллоҳ ал-Монеъ баргузор шуд.

Дар рафти мулоқот дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузориҳо, гидроэнергетика, ҳамлу нақл ва саноат баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо атрофи роҳҳои тақвияти робитаҳо байни бахши хусусии ду кишвар табодули назар карданд ва дар ин замина зарурати дар фурсатҳои наздик танзим намудани нишасти аввали Шӯрои соҳибкорони ду кишвар таъкид гардид.

Масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва лоиҳаи протоколи ҷаласаи мазкур низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad