Мулоқот бо Прокурори генералии Давлати Қатар
27 июли соли 2023 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Прокурори генералии Давлати Қатар д-р Исо ал-Ҷуфоли ал-Нуаймӣ баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни прокуратураҳои генералии ду кишвари дӯст ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои марбут ба расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон ва маҳкумшудагон ва дигар мавзӯҳои мубрами ҳамкориҳои судманди дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо дарназардошти афзоиши хатару чолишҳои замони муосир, ҳамчунин атрофи нақшаҳои минбаъдаи ҳамкориҳо, роҳҳои муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ табодули назар сурат гирифт.