Табрикот ба муносибати таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба муносибати таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳнияти самимиро ба кулли ҳамватанони муқими Давлати Қатар арз менамоем.
Ба юмни раҳбарии Пешвои фарзонаю озодаманиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин айёми фархунда шоҳиди дастовардҳои азим ва пешрафтҳои беназири таърихӣ дар ҳамаи заминаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ҳастем ва эҳёи арзишҳои асили фарҳангию маънавӣ, хештаншиносӣ ва ташаккули ғояҳои миллӣ рӯҳияи Ваҳдат, Истиқлол ва Меҳандӯстии моро шикастнопазиру ҷовидона карданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар партави татбиқи бомароми ташаббусҳои глобалию инсондӯстонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои роҳбурдии рушди миллӣ Тоҷикистони азизи мо дар ҷиҳати таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, тақвияти ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ ва заминасозии ҳамгироии босамари минтақавӣ нақши чашмгиру муассир дорад.
Ба муносибати ин ҷашни саодатбахш ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ, хушнудӣ, комёбиҳо ва ба Ватани азизамон -Тоҷикистон амнияти бардавом ва пешрафту шукуфоии рӯзафзунро орзумандем.
Бо камоли эҳтиром,
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар