Вохӯрӣ бо Ректори Донишгоҳи Қатар
10 сентябри соли 2023 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Ректори Донишгоҳи Қатар (Qatar University) доктор Умар Муҳаммад ал-Ансорӣ баргузор шуд.
Масъалаҳои марбут ба роҳҳои таҳкими ҳамкории донишгоҳи мазкур бо муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули устодону донишҷӯён дар соҳаҳои мавриди алоқамандии ҷонибҳо ва тавсеаи робитаҳо байни пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин замина бар аҳамияти татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва таълими олӣ таъкид гардид.