Мулоқоти Завқизода Завқӣ Амин бо Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ
28 сентябри соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қатар ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҷиҳати татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.