Намояндагони ширкати қатарии «Ал-Сулайтин» ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд
Намояндагони ширкати қатарии «Ал-Сулайтин» ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ширкати «Ал-Сулайтин»-и Қатар дар мулоқоташон бо роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои ба роҳ мондани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе изҳор намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ба намояндагони ширкати қатарии «Ал-Сулайтин» вобаста ба фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.
Мусоҳибон масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои судманд дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва дигар соҳаҳои афзалиятнокро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷом аз намояндагони ширкати қатарии «Ал-Сулайтин» даъват ба амал оварда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ саҳм гузошта, ба ташкили корхонаҳои муштарак иқдом намоянд.