Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Идораи сармоягузории Қатар, Раиси Шӯрои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» — Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Идораи сармоягузории Қатар, Раиси Шӯрои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» — Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ
18 октябри соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Идораи сармоягузории Қатар, Раиси Шӯрои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» — Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар ба сатҳи олӣ баромадаанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо қайд намудаанд, ки сафари давлатии Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2023 ва мулоқотҳои хоса бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо як саҳифаи нав кушод.
Дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. ба Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Идораи сармоягузории Қатар/ Раиси Шӯрои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сохтмони фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ ва карго дар ноҳияи Данғара, модернизатсияи ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик» (Талко), кушодани хатсайрҳои мусофирбарии мустақим байни Душанбе ва Давҳа, сохтмони НБО Шӯроб, баланд бардоштани рақобатпазирии ширкати “Сомон Эйр” ва сохтмони корхонаи коркард, истеҳсол, консервакунонӣ ва амбори хушккунии меваю сабзавот дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Данғараро пешниҳод намуда, хоҳиш кард, ки ҷониби қатарӣ барои маблағгузории онҳо мусоидат намояд.
Дар навбати худ Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ пешниҳоди мазкурро хуш пазируфта, омодагии худро ҷиҳати оғози ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодгардида иброз намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба баён намуданд.