Ҳамкории байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат меёбад

23 октябр дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Давлати Қатар Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии мамлакат иттилоъ доданд.

Мулоқот аз арҷгузорӣ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Ҷаноби Олӣ Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар рушди ҳамкории ҳуқуқии ду давлат оғоз гардид. Масъалаҳо оид ба ҳамкории минбаъда дар самтҳои муқовимат ба тундгароӣ, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Зимни мулоқот се шартномаи байналмилалӣ — дар бораи истирдоди ҷинояткорон, дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи ҳамкории байниидоравӣ ва дар асоси Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Давлати Қатар аз соли 2019 ба мувофиқа расиданд, ки иқтидори Маркази волоияти қонун ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи Давлати Қатар ва Коллеҷи ҳуқуқии Донишгоҳи Қатар марбут ба Фонди Қатар, инчунин прокуратураи зиддитеррористии махсусгардонидаи Қатар барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнии кормандони Маркази пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтории он истифода бурда мешавад.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad