Иштирок дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ

9 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва ташкили баргузории саммит дар сатҳи баланд изҳори сипос намуда, сарвари давлати мизбони чорабиниро ба муносибати раиси иҷлосияи 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ интихоб шуданашон самимона шодбош гуфтанд.

Ҳамзамон ба саъю талошҳои раисии ҷониби Туркманистон таҳти раёсати Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммадов доир ба татбиқи қарорҳои саммити гузашта баҳои баланд дода шуд.

Вобаста ба нақши Созмон дар муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлати Тоҷикистон иброз намуданд, ки масъалаҳои рушди бемайлони (устувори) ҳамкорӣ дар доираи он ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии мамлакати мо муайян гардидаанд.

Аз ҷумла, иброз гардид, ки сарфи назар аз тамоюлҳои буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ маҷмуи маҳсулоти дохилии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар айни замон беш аз ду триллион долларро ташкил медиҳад, тамоюли умумии афзоишро нигоҳ доштааст.

Пешгӯӣ мешавад, ки афзоиши миёнаи ММД дар аксари давлатҳои СҲИ аз рӯи ҷамъбасти соли равон беш аз панҷ дарсадро ташкил хоҳад дод.

Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки сарфи назар аз ин тамоюлҳои мусбат қисми зиёди иқтидори ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои Созмон то ҳол истифода нагардидааст.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , аз ҷумла, густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ ҷиҳати ташкили низомҳои мусоиди ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, кумаки ҳамаҷониба ба давлатҳои аъзои Созмон, ки роҳи баромади баҳрӣ надоранд, ташкили робитаҳои мустаҳками нақлиётии дохилиминтақавӣ ва байниминтақавӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва ҳосилноки дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими амнияти озуқавории минтақа ва истифодаи манбаъҳои иқтидори барқароршаванда, ки ҳамчун яке аз ҷузъҳои асосии рушди иқтисоди “сабз” маҳсуб мешаванд, пешниҳодҳои асоснок намуданд.

Дар робита ба бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Созмон Президенти Тоҷикистон махсусан таъкид намуданд, ки мо ният дорем дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар самти Шарқ-Ғарб ва Осиёи Марказӣ -Ҷанубӣ нақши муносиб гузорем.

Дар ин замина Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиботи СҲИ бо пешниҳоди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият ва дурнамои ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо бо мақсади рушди минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муроҷиат намуданд.

Дар хотима Сарвари давлати мо Ҷумҳурии Озарбойҷонро бо анҷоми бомуваффақияти раёсати он дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ табрик гуфта, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иртибот ба қабули раёсат дар ин Созмон муваффақият таманно намуданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad