Ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ «QTM-2023» дар шаҳри Давҳа
20 ноябри соли 2023 ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ «QTM-2023» дар шаҳри Давҳа баргузор шуд.
Дар ин намоишгоҳ, ки то 22 ноябри соли 2023 идома меёбад, ширкатҳои саёҳатии кишварамон таҳти сарпарастии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Дар ғурфаи Тоҷикистон маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маводди таблиғотии марбут ба мавзеҳои саёҳатӣ, таърихию фарҳангӣ ва инчунин дастовардҳо ва пешниҳодҳои ҷолиби бахшҳои асосии соҳаи гардишгарӣ дар кишварамон ба намоиш гузошта шудаанд.