ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ШИРКАТ ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023 ВОРИДИ ҚАТАР ШУД
Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 вориди Қатар шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Доҳа ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро намояндагони кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 самимона истиқбол гирифта, ба ҳар як аъзои даста туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд. Сипас, бо роҳнамоии гурӯҳи полис дастаи мо ба меҳмонхонаи «Banyan Tree Doha» рафт, ки дар давраи мусобиқот онҷо хоҳад монд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат мекунанд.