Мулоқот бо Раиси парлумони Қатар
10 январи соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Раиси Маҷлиси Шӯро (парлумон)-и Давлати Қатар ҷаноби Ҳасан бин Абдуллоҳ ал-Ғоним мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар, аз ҷумла роҳҳои тақвият ва густариши ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.