Мулоқот бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ
21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ мулоқот намуданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба имконияту иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва баҳрабардорӣ аз ин неъматҳо ба манфиати ҳар ду давлат табодули андеша карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кишвари мо барои рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо бо Давлати Қатар дар соҳаҳои саноату энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисоди сабз “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро қабул намудааст. Тоҷикистон имкон дорад 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардад.
Бо дарназардошти захираву имкониятҳои бузурги соҳаи гидроэнергетика, пешниҳод гардид, ки ҷониби Қатар дар татбиқи тарҳҳои муҳими соҳа барои манфиати ду кишвар саҳм гузорад.
Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар кишвар таъсиси “Фонди муштараки иқтисодию сармоягузорӣ” зарур шумурда шуд.
Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни ду кишвари дӯст саҳми босазо мегузоранд.