Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти мулоқот намуд

 

Имрӯз дар шаҳри Боку дар  ҳошияи Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар хонум Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайти мулоқот намуд.

Дар мулоқот танзими сафарҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба давлатҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба ҷиҳати таҳкими бештари ҳамкорӣ зарур шуморида шуд.

Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ метавонанд ҳамчун омили тақвиятгари дӯстиву ҳамкорӣ байни ду давлат хизмат намоянд.

Изҳор карда шуд, ки Маҷлиси намояндагон ба ҳамкории судманд бо ҷониби Давлати Қатар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, зеро робитаҳои парлумонӣ дар фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тавсеаи равобити ду давлат дар ҳавзаҳои мухталиф нақши муҳим доранд.

«Парлумонҳои мо метавонанд аз тариқи тасвиби созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Қатар нақши муассир гузоранд,  — тазаккур дод Маҳмадтоир Зокирзода. – Давоми се даҳсолаи гузашта дар тавсеаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қатар нақши робитаҳои байнипарлумонӣ муассир буд».

Тазаккур дода шуд, ки ҷониби Тоҷикистон хостори идомаи муколамаи созанда ва пайвастаи парлумонӣ бо Қатар аст.

Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти қонунгузори ду давлат дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парлумонии Осиё, Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамкории судманд доранд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad