Вохӯрӣ дар Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар

 

25 феврали соли 2024 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири маориф ва таҳсилоти олии Қатар хонум Бусайна бинт Алӣ ал-Нуаймӣ баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат роҳҳои татбиқи дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар дар самти тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ баррасӣ шуданд. Дар ин замина зарурати таҳияи нақшаи муштарак ҷиҳати татбиқи амалии муқаррароти Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ ва Барномаи ҳамкории вазоратҳои маорифи Тоҷикистону Қатар дар соҳаи таҳсилоти олӣ барои солҳои 2024-2029 таъкид гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар наздиктарин фурсат гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Қатар ҷиҳати амалӣ намудани санадҳои мазкур таъсис хоҳад ёфт.

Да рафти суҳбат ҳамчунин атрофи дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad