Мулоқот дар Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Давлати Қатар
29 феврали соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Мудири кулли мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Давлати Қатар Иброҳим ал-Дуҳаймӣ вохӯрии корӣ анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ роҳҳои татбиқи амалии созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қатар дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона, ки 22 январи соли 2024 дар шаҳри Давҳа ба имзо расид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ҷонибҳо атрофи самтҳои асосии ҳамкории муассисаҳо ва ташкилотҳои хайриявии ду кишвар табодули назар карданд.