Мулоқоти Сафир дар Вазорати корҳои хориҷии Қатар

 

25 марти соли 2024 мулоқоти кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Қатар ҷаноби Шоҳин Алӣ ал-Каъбӣ баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи роҳҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус ҳалли мушкилиҳои марбут ба об, энергетика ва тағйироти иқлим табодули назар карданд. Дар ин замина ҳадафҳои асосӣ ва барномаи 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (10-13 июни 2024, Душанбе) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаноби Шоҳин Алӣ ал-Каъбӣ бори дигар ҷонибдории Давлати Қатарро аз ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳалли созандаи мушкилиҳои таъмини Рушди устувор дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ равона шудаанд, таъкид намуд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad