Таҷлили Наврӯз дар Давҳа
20 апрели соли 2024 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (10-13 июни соли 2024, Душанбе) зиёфати расмӣ ва чорабинии фарҳангию иттилоотиро ташкил намуд.
Дар чорабинии мазкур, ки бо дастархони миллӣ, гушаи ҳунарҳои мардумӣ ва рамзҳои Наврӯзӣ – “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” ороста шуда буд, раҳбарони ҳайати дипломатии муқими шаҳри Давҳа, шарикони Сафорат ва намояндагони ВАО-и Қатар ҳузур доштанд.