Супоридани нусхаи эътимоднома ба вазири давлатӣ доир ба корҳои хориҷии Давлати Қатар
5 июни соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ ба вазири давлатӣ доир ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти сафир бо вазири давлатӣ доир ба корҳои хориҷии Давлати Қатар баргузор гардид, ки дар он масоили татбиқи амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот вазири давлатӣ доир ба корҳои хориҷӣ ба сафири Тоҷикистон дар фаъолияти минбаъдаи дипломатиаш муваффақият таманно намуда, омодагии худро барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар арсаҳои мухталиф таъкид кард.