Вохӯрии сафир бо раиси Фонди Қатар доир ба рушд

4 июли соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси иҷроияи Фонди қатарии рушд ҷаноби Султон ал-Асирӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доир ба имконияту иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз аҳамияти миллию байналмилалӣ ҷиҳати таъмини рушди устувор бархурдор аст, табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои шарик ва муҳимми Бунёди рушди Қатар дар соҳаи рушди устувор маҳсуб мешавад ва Фонд низ ҳавасманд аст ҳамкории судманд бо Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоии кишвар вусъат диҳад.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad