Мулоқоти сафир бо директори генералии ширкати қатарии Ҷусур
26 августи соли 2024 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии ширкати Ҷусур (Qatar Manpower Solutions Co. (Jusour) Абдулҳоди Бахит Барқан баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла таҳкими роҳҳои ҷалби қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ шуданд.