Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар самти баргузории конфронсҳо
11 сентябри соли 2024 дар шаҳри Давҳа мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Кумитаи доимамалкунандаи танзими конфронсҳои ин кишвар Муборак Аҷлан Муборак Ал-Куворӣ баргузор шуд.
Дар мулоқот доир ба тавсеаи ҳамкориҳои самарабахш дар самти баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ташкили чорабиниҳои муштараки байниҳукуматӣ, гузаронидани сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд, баррасии танзими нишастҳои муштарак ва дигар абзорҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф табодули назар сурат гирифт.