Шукӯҳи Истиқлоли давлатӣ дар Қатар

15 сентябри соли 2024 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ доир намуд.

Дар чорабинӣ вазирону роҳбарияти аршади сохторҳои давлатии Қатар, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, соҳибкорон, васоити ахбори омма ва ҳамватанони муқими Қатар иштирок намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин арзиш ва дастоварди миллии мардуми тоҷик буда, имрӯзҳо Тоҷикистон ба шарофати заҳмату талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона рушд менамояд.

Ҳамзамон, санаи 15 сентябри соли 2024 бо ташаббуси Сафорат бинои меҳмонхонаи Шератон Гранди Давҳа бо рангҳои парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шуд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad