Мулоқоти cафир бо вазири маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар

19 сентябри соли 2024 дар Давҳа вохӯрии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири маориф ва таҳсилоти олии ин кишвар Бусайна бинт Алӣ ал-Нуаймӣ баргузор шуд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи маориф ва таҳсилоти олӣ, роҳҳои татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар ин соҳа, ҳамчунин ҷудо намудани бурсияҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар робита ба тавофуқи Роҳбарияти олии ду кишвар, ҷонибҳо доир ба таъсиси Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to 2030

UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028

MFA Publications

Hotline for Tajikistan citizens abroad