Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки нишондиҳандаи баланди эътимод ва ҳусни бародарӣ миёни Тоҷикистону Қатар мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
“Густариши ҳамкорӣ бо Давлати Қатар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад” — таъкид доштанд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёту коммуникатсия аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуд.
Ҳар ду ҷониб алоқамандии худро ба фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ иброз доштанд. Ҷалби сармоягузорони Қатар, аз ҷумла имконоти бо Фонди Қатар оид ба рушд ба бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвари мо, аз ҷумла барои бунёди иншооти тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон муҳим шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла хӯрокворӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Омода намудани мутахассисони касбӣ барои соҳаҳои хизматрасонӣ бо таъсиси Маркази забономӯзӣ дар Тоҷикистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, баргузории Рӯзҳои фарҳанг аз мавзуъоти дигари мулоқот буд.
Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол гардидани гурӯҳи дӯстии парлумонӣ басо муҳим арзёбӣ шуд.
Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба мавзуъоти минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.