Мулоқоти сафир бо вазири шаҳрдорӣ-раиси шаҳри Давҳа
24 октябри соли 2024 дар шаҳри Давҳа мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири шаҳрдорӣ – раиси шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Абдулло ибни Ҳамад ибни Абдулло ал-Ъатия баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо бо назардошти мувофақаҳои сатҳи олии ду кишвар, маҷмӯи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қатар, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, баргузории чорабиниҳои сармоягузорию сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа ва таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳриро баррасӣ намуданд.