Мулоқоти Сафир бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии Фонди Қатар
4 ноябри соли 2024 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии Фонди Қатар доир ба рушд Султон ал-Асирӣ доир гардид.
Дар мулоқот таҳкими соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва масъалаҳои вобаста ба имконияту иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи сабз ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.
Дар ин замина, ҷонибҳо вобаста ба сафари ҳайати Фонд бо роҳбарии директори он ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ аз иқтидорҳои гидроэнергетикии кишвари мо ба мувофиқа расиданд.