Маросими кушодашавии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Қатар
28 ноябри соли 2024, ба муносибати таъсисёбии 30-мин солгарди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ва дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин хатсайри мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа, аз ҷониби ширкати ватании ҳавопаймоии Сомон эйр ифтитоҳ гардид.
Ба ин муносибат, дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҳамади шаҳри Давҳа маросими тантанавии истиқболи нахустин парвоз бо иштироки намояндагони расмии ҳарду кишвар, намояндагони ВАО ва ширкатҳои ватании сайёҳӣ сурат гирифт.
Дар кушодашавии маросим роҳбарияти Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Катар Нурмурод Маҳмадалӣ ва намояндаи расмии кишвари иқомат суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Давҳа-Душанбе дар як ҳафта як маротиба рӯзҳои панҷшанбе амал мекунад.