Мулоқот бо директори генералии Фонди Қатар доир ба рушд
11 декабри соли 2024 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии навтаъйини Фонди Қатар доир ба рушд Фаҳад Ал-Сулайтӣ доир гардид.
Дар мулоқот таҳкими соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва масъалаҳои вобаста ба имконияту иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи сабз ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.
Дар ин замина, ҷонибҳо вобаста ба сафари ҳайати Фонд бо роҳбарии директори генералии он ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ аз иқтидорҳои гидроэнергетикии кишвари мо ба мувофиқа расиданд.