Иштироки Сафорат дар чорабинии фарҳангӣ дар Қатар
16 декабри соли 2024 дар Боғи Осорхонаи санъати исломии шаҳри Давҳа чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи миллии Давлати Қатар ба мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии арзишҳои миллии кишварҳо дар фазои самимӣ ва дӯстӣ доир гардид, ки дар он Сафорати Тоҷикистон дар Қатар гӯшаи Тоҷикистонро бо намоиши китобҳо ва таомҳои хоси миллӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандони тоқикистонии муқими Қатар таъсис намуд.
Ҳамзамон, имкониятҳои васеи сайёҳӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла либосҳои миллӣ, атласу адрас ва дигар намунаҳои беназири санъати дастии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон ба ташкили чунин барномаҳои фарҳангӣ баҳои баланд дода, ба онҳо китобҳои вобаста ба таъриху мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон тақдим гардид.