Тамошои гурӯҳии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 декабри соли 2024 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар тамошои гурӯҳии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бо иштироки кормандони Сафорат ва ҳамватанони муқими Қатар баргузор шуд.
Ҳадаф аз ташкили ин ҳамоиш тақвияти эҳсоси ҳамбастагӣ ва пайванди зич байни ҳамватанон дар заминаи арзишҳои миллӣ ва сиёсати дохилию хориҷии созандаи муҳтарам Пешвои миллат арзёбӣ гардид.