Мулоқоти сафир бо фиристодаи махсуси вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар
Санаи 19 январи соли 2025 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо фиристодаи вижаи вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар доир ба мубориза алайҳи терроризм ва миёнаравӣ дар ҳалли мусолиматомези муноқишаҳо Файсал ибни Абдуллоҳ Оли Ҳанзоб доир гардид.
Зимнан, ҷонибҳо атрофи масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муборизаи самараноку муштарак бар зидди терроризми минтақавию байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва хатари он ба ҷомеа ва роҳандозии ҳамкориҳои бештари ду кишвари дӯст дар ин соҳаҳо табодули афкор намуданд.